![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201118_092418.jpg?itok=dC_Mv7n-)
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо намояндагии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Назокат Қосимова ва Саёҳат Самадзода ва иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоатҳои деҳоти Иттифоқ ва шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Дар он масъулин ба иштирокдорони семинар санаду дастурҳои ҳизбиро расонида, дар охир саволу ҷавоб байни иштирокчиён ва масъулин доир гардид, ки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.