ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “ Нури Истиқлол”- и Донишгоҳи давлатии Данғара семинар-машварати омӯзишӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ раис ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок дошта, вобаста ва ҳаракати аъзои ҳизб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.