ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ семинар-машварати омӯзишӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов, Ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалӣ ва Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабови ноҳия баргузор карда шуд.
Семинарро Мирзоев Сафаралӣ ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иштирокдорон машварат дод.
Дар раванди семинар мутобиқ ба китоби дастурдиҳии “Таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб”, бо иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, семинар-машварат бо суолу ҷавоби иштирокдорон ба охир расид.