ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар Ватан ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб бо сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони деҳаи Оқгаза баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин баргузор гардид, шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди барраси қарор дода шуд.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, афзуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри ободиву осудагии рӯзгори мо мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ менамоем.