
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии “Дониш №1” бо иштироки як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати деҳоти Балҷувон ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди он семинари дастурдиҳӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинари омӯзишӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Марҷона Муродова вобаста ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ сухан ронда, вазифаҳои раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар асоси Оинномаи ҲХДТ шарҳ дод.
Семинар-машварати омӯзишӣ бо суолу дархостҳои иштирокдорон анҷом ёфта, дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ чунин семинари омӯзишӣ идома дорад.