Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар семинар-машварати мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубону иштирок дошта, доир ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Баъдан ба иштирокдоштагон ҳуҷҷати таҳкими низоми ҳаракати ҳизбро дастрас карда, даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ талош варзанд.
Дар охири семинари дастурдиҳӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гардонид.