
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон ва иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати деҳоти мазкур баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ Саидзода Раҳмон ба иштирокдорон ҳуҷҷатҳои дастуротии ҳизбӣ ва маводҳои иттилоотӣ дастрас намуда, дар бораи таҳкими низоми ҳаракати ҳизб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид ва ба онҳо барои ҷоннок кардани фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ як қатор маслиҳату тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.