
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш семинар-машварати омӯзишӣ оид ба таҳкими низоми харакати ҳизбӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод баргузор гардид.
Дар семинар-машварати мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов иштирок дошта, доир ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Сипас, ба ҷамъомадагон ҳуҷҷати таҳкими низоми ҳаракати ҳизбро дастрас карда, даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ талош варзанд. Дар охир иштирокдорон суолҳои хешро ба Маҳмадов Одилҷон пешниҳод карда, ба дархосту пешниҳодоти хеш ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.