БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲАРАКАТИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати кишоварзӣ” бо иштироки як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинар-машварати омӯзишӣ  оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти семинари омӯзишӣ  намояндагони Кумиттаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста ба таҳкими  низоми  ҳаракати ҳизбӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ карда, аз иштирокдорони семинар-машварат  барои боз ҳам густариш ва ҷоннок  кардани фаъолияти ҳизбӣ  даъват ба амал оварданд.  Инчунин, ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурамали таҳиягардида барои корбарӣ дастрас карда шуд.  Семинар-машварати омӯзишӣ бо суолу дархостҳои иштирокдорон  анҷом ёфта, дар дигар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ  чунин семинари омӯзишӣ идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg