
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои ибтидои ҳизбии маҳаллаҳои қаламрави Ҷамоати деҳоти "Яккатут" семинари омӯзишӣ дар мавзӯӣ “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ” баргузор гардид,ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов ва раиси ташкилоти ибтидоии "Яккатут" Буриев Акрам роҳбарӣ ва нисбати низоми ҳаракати ҳизбӣ истода гузаштанд.
Дар ҷараёни семинари мазкур аз тарафи масъулин ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ дастрас гардида, байни барандагони кори семинар ва иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.