ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки Обикиик семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба «Таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ» бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон ва иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Обикиик баргузор гардид.
Дар семинар-машварати мазкур Саидзода Раҳмон барои мукаммал гардидани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар фаъолияти минбада корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Дар навбати худ иштирокчиён суолу дархостҳои хешро пешниҳода карданд ва ба суолҳои хеш аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроия посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар охир ба иштирокдорони семинар ҳуҷҷатҳои дастуротии ҳизбӣ ва маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.