![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/17%2C11%2C2020%20%283%29.jpg?itok=ReSC4kYQ)
ХОВАЛИНГ. Санаи 17 ноябри соли 2020 бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Исфандиёр Саидмаҳмудов дар Гимназияи давлатии ноҳия бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” оиди пешгирии бемории сироятии Коронавирус вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ И.Саидмаҳмудов баромад намуда, ба хонандагон талаботҳои беҳдоштӣ ва роҳҳои асосии пешгирии ин бемории сироятии хавфнок фаҳмонида дода шуд. Ӯ таъкид намуд, ки мо ҳамагон бояд талаботҳои беҳдоштии шахсиро қатъӣ риоя намоем. Зеро хунукназарӣ боиси сироятёбӣ шуданамон мумкин аст.