БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Чилча”  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ  андешаронӣ карда, аз  ҷамъомадагон давъват ба амал овард, ки  ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, барои  таъмини зиндагии  шоистаи худ талош варзанд.

Зимни иттилоърасонӣ ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ ва варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg