ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Тахти Сангин мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷамъомади мазкур масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат бо коррупсия, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуби ҷомеа, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ андешаронӣ карданд.