БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР -МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДОИР ГАРДИД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ семинар-машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир гардид.

Дар семинар машварати омӯзишӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоатҳои деҳоти “Нури Ваҳдат”, “Озодагон” ва ба номи Кабут Сайфутдини ноҳияи Панҷ  иштирок карданд.

Зимни суҳбат  муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанова Нигора баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ” дастурҳои муфид  дод. Инчунин, дар охир ҳозиринро ба муносибати иди дар пеш истода, яъне Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg