БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ГАРДИД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти  ҳизбӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб семинар-машварати омӯзишӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин ва роҳбарону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Семинарро Фирӯзи Саидмуъмин ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба иштирокдорон  машварат дод.

Дар раванди семинар мутобиқ ба китоби дастурдиҳии  “Таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб”, фаъолияти котибони ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи Низомнома бо иштирокдорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, семинар-машварат бо суолу ҷавоби иштирокдорон ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg