БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, Ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, ба номи Абдӣ Авазов ва Тугарак  дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ семинари омӯзишӣ дар мавзӯӣ “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ” баргузор гардид.

Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ семинари омӯзиширо пеш бурда, дар рафти семинар аз тарафи масъулин ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ паҳн карда шуда,  онҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Мақсади баргузории чунини семинар- омӯзишҳо тозакунии сафи аъзои ҲХДТ дар ноҳия ва таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад, ки ин барои хубтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg