БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва саҳм гузоштан баҳри солимии ҷомеа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри солимии хеш ва атрофиён изҳори ақида намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуда, маводҳои антисептикиро пайваста истифода намоянд.

Ҳамзамон, хонандагон иброз доштанд, ки саломатии мо дар дасти худи мост, бинобар ин пайваста кӯшиш менамоем қоидаҳоро риоя намуда, баҳри солимии ҷомеа саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg