БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҒАМХОРИ БЕМОРОН АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бояд қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони меҳнат дар арафаи ҳар иду ҷашн дар Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба аёдати собиқадори меҳнат Шоимардонов Исмат рафтанд.

Масъулини ҳизбӣ бобои Исматро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд.

Зимни суҳбат бобои Исмат, ки соли 1935 таваллуд шудааст ва нобасомониҳои рӯзгорро паси сар кардааст иброз намуд, ки тӯли 29 сол Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ аз марҳилаҳои пурпечутобу душворро гузашта, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Солҳои 90-ум, ки Истиқлолияти  Тоҷикистон чун тифле дар гирдоби оташ ва коми нестӣ қарор дошт, ин абармарди ба майдони сиёсатомада, ин тифлро аз коми оташу нестӣ наҷот дод. Сулҳу ваҳдату якдилӣ пойдору истиқлолиятро таҳким бахшид. Ин неъматҳоеанд, ки боиси рушду пешрафти мамлакати мо гардидааст.

Мавсуф дар мавриди бартарафсозии оқибатҳои фоҷиабори ин ҷанг, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба мардуми тоҷик муяссар гардид, ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg