БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ «ХИЁНАТ» ЗАБОНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТРО КӮТОҲ НАМУД

ВОКУНИШ. То намоиш додани филми “Хиёнат” саркардагони  хоин ва ватанфурӯши  ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати ислом худро ҳомӣ ва пуштибони миллат эълон намуда,   дам нагирифта,  бар зидди давлат ва роҳбарони давлат баромад менамуданд.

Чи тавре мардум мегӯяд, душман ҳеҷ сабабу баҳона наёфт ба думи сагат эрод мегирад.  Ба ҳамин монанд, гоҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, гоҳ ба нарху наво ва гоҳи дигар ба  бемории коронавирус  часпида,   дар ҷой      доштани онҳо Ҳукуматро  гунаҳкор менамуданд.

Ҳол он ки муҳоҷирати меҳнатӣ як амалӣ маъмулист ва дар ҳамаи давлатҳои дунё дида мешавад ва касе пеши роҳи онро гирифта наметавонад.  Пасту баланд шудани нарху наво бошад, ин талаботи иқтисоди бозорист. Дар бораи коронавирус  дигар ҳоҷати ҳарф задан нест. Чунин ҳукм раво бошад, пас ҳамаи роҳбарони давлатҳои дунё барои пайдоиш ва паҳншавии  бемории Ковид – 19 гунаҳкоранд.

 Баъди намоиши филми “Хиёнат” забони душманони миллат кӯтоҳ гардид.  Филм мушти обдоре бар даҳони онҳо буд.  Он   чеҳраи саркардаи ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабириро ба таври бояду шояд   нишон дод.

Мардуми кишвар ва берун аз он дар бораи он ки ин хоини миллат аз имкониятҳои зиёд ва ва лутфу марҳамати Ҳукмат - бозори шахсӣ, ширкатҳои бинокорӣ, тиҷорати густурда  ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бархурдор буд, маълумоти муфассал пайдо намуданд.   Боигарии бе дарди миён ба даст омада ӯро кӯр  ва нафсашро қозгир намуд. Хост ба роҳи табаддулоти давлатӣ  қудраташро афзун намояд.

Фошкориҳои собиқ ҳамсафон – Айёмиддин Сатторов, Саид Қиёмиддини  Ғозӣ ва дигарон шармандаҳоро шармандатар кард. Иқроршавии бо ном “Генерали мардумӣ” Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба мардум ҳушдор дод, ки ин хоинони миллат (гарчанде худаш ҳам бе гуноҳ набуд) дар умрашон барои мардум  ягон кори хайрро ба анҷом нарасонидаанд.

 Ҳамаи дороияшонро дар  натиҷаи хиёнат ба давлат ва миллат аз хоҷагони хориҷиашон ба даст овардаанд. Таъсири филм то ҳадест, ки  хоинони миллат намедонанд дигар сарашонро ба куҷо зананд. Азбаски дигар коре карда наметавонанд,  илоҷро  дар сафсатагӯӣ  дидаанд.

Филми “Хиёнат” кореро ба анҷом расонид, ки тамоми мардум ба офарандагони он барои ҳақиқатнигорӣ таҳсину офарин гуфтанд.

Саидмаҳмудов Исфандиёр, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg