БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПЕШВОИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Дар даврони 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ омаданд – тарсу ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд, онҳоро дастгирӣ ва пешвоӣ мекарданд, дар пастиҳо падарвор дастгири ҷавонон буданд: ҷавонони ноумеду руҳафтодаро сари ҳар кадам бо қарорҳои созгори хеш умед мебахшиданд,гаронии рӯзмараи онҳоро ҳамчун бародар ва роҳбар сабук ва ҳал менамуданд, ҷавононро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дӯст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекарданд, ба онҳо роҳ мекушоданд. Хулоса, Пешвои миллат бо ҷавонон будаанд.

Нахустин иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонон  ба воситаи заминагузорӣ ба ташаккул ёфтани сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” арзёбӣ мегардад, ки ин амал ҳанӯз соли 1992 ҳангоми вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани ӯ ба вуқуъ пазируфт.

Маротиби аввал, ҳамчун Сарвари ҷумҳурӣ мулоқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат ҳангоми роҳбарии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда доштани ӯ, ҳамагӣ пас аз 70 рӯзи сарварии кишвар – 2 феврали соли 1993 баргузор гашт. Ин ҳамоиш дар шароите доир карда шуд, ки мамлакат дар оғӯши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт ва ҳадафи асосӣ барои аксари ҷомеа “зинда мондан” ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, новобаста аз таҳдидҳо, тангдастиҳо нооромиҳо ва тазодҳои гуногун  дар шароити гузариш ва ҷараёнҳои ташаккули муносибатҳои нави давлатдорӣ дучоромада Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 7 маротиба бо ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқоти расмӣ баргузор намуданд: 2 феврали соли 1993;  17 марти соли 1994; 23 майи соли 1997; 16 майи соли 1998; 21 майи соли 2005; 23 майи соли 2013; 23 майи соли 2017.

Дар натиҷаи ин мулоқотҳо таваҷҷуҳу дастгирии пайваста ва ғамхории падаронаю ҳамроҳии доимӣ ва дӯстонаи Пешвои миллат ба ҷавонон дар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ дастовардҳои хеле назаррас дар самти  татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба бор оварда шуданд. Дар баробари ин ҳамчун нишони боварӣ, эътимод, эҳтиром ва рафоқат ба ҷавонон соли 2017 – ро Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Бо ин Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар бори дигари имкон доданд, ки саҳми худро дар рушду нумуи кишвар гузоранд ва фахри Тоҷикистони азиз гарданд.

Нарматова Нафиса, мутахассиси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg