БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД...

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шаби 15 ноябри соли 2020 аз печи равғандори барқӣ соати 11  шаб хонаи сокини ноҳияи Ховалинг,  деҳаи Саросёби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Назар Раҳмонов  оташ гирифт.  Соҳибхонаҳо вақте огоҳ гардиданд, ки аллакай  оташ тамоми бинои истиқоматӣ ва коҳдону оғилхонаро фаро гирифта  буд. На сокинони маҳалла ва на  кормандони идораи сӯхторнишонӣ илоҷи хомӯш кардани оташро надоштанд.  Таъсири гармии оташ имкон намедод, ки ҳатто ба бино наздик шаванд.  Аз дасти ҳамсояҳо ва кормандони идораи сӯхторнишонӣ ҳамин кор омад, ки пеши  паҳншавии оташ  ба хонаи ҳамсояро гирифтанд.

Соҳибхонаҳо, ки  чор оила дар як бино истиқомат менамуданд,  ба ғайр аз либоси тагпӯш чизе ба даст наоварданд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ аҳли оила на камтар аз як миллион сомонӣ зарар дидаанд. Хушбахтона,  маҷруҳӣ ва зарари ҷонӣ дида намешавад.

Имрӯз ҳамсояҳо дари хонаи худро ба рӯи оилаи зарардида кушодаанд. Онҳоро дар хонаҳои худ ҷой дода, бо хурду хӯрок таъмин намуда истодаанд.

 Ба ҳар ҳол чи тавре мегӯянд дар тангии тирамоҳ (дар Ховалинг аллакай  зимистон ҳукм меронад)  ин оила ба дастгирии ҳамагон ниёз дорад.  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Халилзода Сафар Хоҷа  ҳангоми боздид аз бино ва суҳбат бо зарардидагон аз фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, сокинони ноҳия ва берун  аз он даъват ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои мушкил дасти кумак ба онҳо дароз намоянд. Бо изҳори боварӣ гуфта метавонем, ки  на танҳо сокинони шарафманди ноҳияи Ховалинг, балки  соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар баъди хондани ин  сатрҳо  ба ин оилаи мусибатзада дасти   кумак дароз намуда, дар ҳарчи зудтар сохтани бинои истиқоматӣ барои онҳо  ёрии амалии  худро мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg