БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМОИШИ ИДОНА ДАР “ИБНИ СИНО”

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ибни Сони”-и Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ҷамъомади идона доир шуд.

Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ иштирок доштанд. Нахуст иштирокчиён аз намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.

Сипас, дар толор ба ҳозирин филм дар бораи корнамоиҳои Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президеени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд. Пас аз тамошои филм раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Мусоев Иброҳим, Асадуллозода Ватан ва  чанд тан аз устодону донишҷӯён ба сухан баромада, маърӯзаҳо карданд. Зимни бромади худ, Асадуллозода Ватан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Бохтар ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон шодбош гуфта, қайд кард, ки маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуд. Иқдомҳои Сарвари давлати мо, аз қабили соли Оби тоза, Даҳсолаи амалиёти Об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи иди Истиқлолият 1100 -солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. 30 сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуданд. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комилро ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он ифтихор мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg