БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЙЁҲАТ БА ОСОРХОНА ВА КИТОБХОНА

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” ва Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни Коллеҷҳои шаҳри Бохтар дар ин муассисаҳои фарҳангӣ сайёҳати ройгон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар осорхона ҷавонон бештар ба гӯшаи таърихи навини Тоҷикистон, махсусан гӯшаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гӯшаи Корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таваҷҷуҳ карданд.

Дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин бошад, хонандагон аз гӯшаи намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан карда, кормандони Китобхона дар бораи фаъолияти китобхона ва хазинаи китобҳои мавҷудаи  он маълумот доданд.

Қобил ба ёдоварист, ки баргузории чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифату саводнокии хонадагон ва огоҳии онҳо аз таърихи пурифтихори халқи худ мебошад. Дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg