БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва дигар шахсони масъул ба аёдати собиқадорони меҳнат Рӯзӣ Назифов, Барот ва Саломат Холовҳо рафтанд. Нахуст, онҳоро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, кумакҳои молиявии яквақтаина расонида, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд. Собиқадорони ҳизбу меҳнати шаҳ доир ба рӯзгор, кору фъолияти меҳнатиашон нақлҳои ҷолиб намуданд.
Зимни суҳбатҳо таъкид карда шуд, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати тоҷикон калидӣ буда, дар асл Пешвои мардумӣ ва ҳақиқӣ мебошанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони меҳнат дар арафаи ҳар иду ҷашн дар Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Рӯзӣ Назифов яке аз собиқадорони меҳнати шаҳри Бохтар буда, дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии “Набзи Бохтар”, корманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ғайра адои вазифа намуда, барои рушду пешрафти шаҳр ва баланд бардошани маданияти сокинони шаҳр корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст. Имрӯз Назифов Рӯзӣ ҳарчанд, ки дар нафақа ҳам бошад, яке аз шахсиятҳои фаъоли шаҳр ба ҳисоб рафта, дар чорабиниҳои гуногун бо маслиҳату машваратҳояш дар паҳлуи масъулин мебошад.
Барот ва Саломат Холовҳо яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Бохтар ба шумор мераванд. Онҳо ба ҳайси коргари оддӣ соҳаи коммуналии шаҳри Бохтар кору фаъолият намудаанд. Давраи фаъолияти онҳо асосан ба солҳои 90-уми асри ХХ роста омада буд. Ба нақли Холова Саломат онҳо ба ҷанги таҳмилии дар кишвар нигоҳ накарда, ҳамарӯза барои тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ба ҳавлирӯбӣ мебаромаданд. Шукри Худованд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикон Роҳбар интихоб шуданду ҳаёти осуда дар кишвар дубора барқарор шуд, - мегӯяд Саломат Холова.