БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

16-УМИ НОЯБР САНАИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. Ба саҳифаҳои таърих агар мо ёд орем, санаи 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин рӯз ифодакунандаи рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне татбиқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Қонун “Дар бораи таҷлили “Рӯзи Президент” аз ҷониби вакилони парлумон қабул гардид. Таҷлили ин рӯз нишон аз арҷгузорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Таърихи давлатдории кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву номбардоре доранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушду минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Дар мисоли чунин шахсиятҳо Ҷорҷ Вашингтон президенти ИМА, ки барои эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд ва мисоли дигар сарвари Туркия Мустафо Камол мебошанд, ки дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро натанҳо ҳалқ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо ҳаррӯза бо чашми сар мебинему бо чашми дил эҳсос мекунем, ки дар таърихи тоҷикон боқӣ мемонад. Ёдовар шудани соли 1997-ум замоне, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон созишномаи сулҳро бо мухолифин ба имзо расонид кифоя аст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бо сиёсати сулҳофару сулҳпарвар  мешиносанду эътироф менамоянд ва таҷрибаҳои пойдории сулҳи Тоҷикистонро кишварҳои ҷаҳон омӯхта истифода мекунанд. Ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: "Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест".

Раҳимова Бахтинисо, омӯзгори МТМУ №1-и шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg