БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ВА ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ САРНАВИШТСОЗ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 28-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар майдони хушманзараи Парчам ва Нишони давлатӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарон, кормандони тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия ва беш, аз 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасон ва сокинони ноҳия, дар даст расмҳои Пешвои муззами миллат ва шиору овезаҳое, ки ифодакунандаи ватандӯстӣ ва соҳибистиқлолии сокинони сарбаланди ноҳияро ифода менамояд, чорабинии бошукӯҳӣ идона баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, бо сухани табрикотӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки маҳз дар Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати Сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба уҳда гирифта наметавонист. Зеро медонистанд, ки дар шароити ҷанги бародаркуш, Роҳбари давлат будан бори сангин мебошад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат тоҷик мушкил ва тақдирсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бошуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯши худ гирифта, дар баромади худ, дар Қасри Арбоб чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам” ва “Ба халқи тоҷик сулҳ меоварам» ва ба савганди худ вафо карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

Дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову Шумо мебошад. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад. Баъд аз табрикоти раиси ноҳия барномаи бошукӯҳӣ фарҳангӣ, боқироати шеъру суруд, дар васфи Пешвои миллат манзури тамошобинон гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg