БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИФТИХОРИ МАН!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ аз назди бинои Кумитаи иҷроия  то Қасри фарҳанги ноҳия баргузор карданд. 

Дар чорабинии мазкур фаъолон,  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён фаъолона ширкат варзида, ҳамаи кормандони ташкилоту муассисаҳо дар даст аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хондани шеъру  сурудҳо  дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чорабинии мазкурро ҳусну тароват бахшида, дар сатҳи  баланди идона   таҷлил карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg