![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20201109_224742.jpg?itok=6URqYjQv)
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати кишоварзӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ва ҷамъоварии хосили фаровони кишти такрорӣ дар фасли тирамоҳ андешаронӣ карданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ягона роҳи наҷот аз бемориҳои сироятӣ қавӣ гардонидани масъунияти бадан, риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад ва дар ҷойҳои ҷамъиятию серодам пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро фаромӯш насозанд.