БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Совет намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.

Ба андешаи мутахассисони соҳа  ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар фаслҳои тирамоҳу баҳор хуруҷ карда, ба саломатии инсон бетаъсир намемонад. Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки дар ин фаслҳо худро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва истеъмоли ғизои солим аз бемориҳо ҳимоя намоем.

Ҳамзамон, дар ин раванд аз сокинон даъват ба амал оварда мешаванд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва оилаи худро бо маводи озуқаворӣ дар фасли сармо таъмин созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg