БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ, САДОҚАТ БА ВАТАН!

ПАНҶ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамасола Рӯзи 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Бинобар ин сокинони ноҳияи Панҷ ин рӯзро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд.

Дар кушодашавии чорабинии фарҳангӣ, ки дар толори маҷлисгоҳи бинои Маркази саломатии ноҳия баргузор гардид, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва нохиявииҲХДТ,  раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер иштирок намуда, дар мавриди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, вазъи фоҷиабору сангини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд гардидани мақому манзалати забону фарҳангу арзишҳои миллӣ, арҷу эҳтиром  гузоштан ба дин ва расму оинҳои нек ҳарф зада, таъкид намуд, ки давлат аз ҳеҷ чиз, яъне дар ҷои холӣ бунёд гардид. Дар он шабу рӯзҳое, ки ба истиқлолият хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, абармарде чун Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва бо ҷасорату хиради нотакрор бунёди ин давлатро аз сифр оғоз намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, сарояндагону навозандагони ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”, гирандагони стипендияи Президентӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, бо суруду оҳангҳо ва шеърҳо дар васфи Пешвои миллат, Ватану ватандорӣ қироат карда, таъби ҳозиринро болида гардониданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg