БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-тарғибгари тарзи ҳаёти солим

ДӮСТӢ. Дар  деҳаи Умеди ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ  бо иштироки намояндагони   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фароғат Назарова ва Ҳусейн Саидов ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деморкратии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳуснигул Одиназода  бо аҳолии  деҳот мулоқоти судманд баргузор намуданд.

 Дар вохӯрии мазкур намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бораи  ғояҳои созандаи ҳизбӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, рушди устувори демократӣ ва худидоракунии самарабахш дар маҳалҳо ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин,   оид ба  мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аҳли зиёӣ кишвар баргузор гардид, суханронии Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Масълин ба мардум  аз бемории  Вируси  норасоии масъунияти  одам мисолҳову далелҳои рушану фаҳморо оварда, таъкид намуданд, ки моро зарур аст,ки вазъи саломатии худ ва пайвандону наздикони худро набояд зери хатари маргбори чунин бемориҳо гузорем. Зеро асоси зиндагии ҳар як инсон саломатии  хубу бардавом ва наздикони ӯ ба ҳисоб меравад.

Сокинон низ илова ба суханронии масъулин қайд намуданд, ки баҳри солимии миллат ва наздикони хеш ҳамеша камари ҳиммат мебандем ва ҳамчунин саъю кӯшиш  менамоем, ки дар меҳани аҷдодиамон ҳамеша сулҳу дӯстӣ, бародарию баробарӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти комилҳуқуқ ҳамеша пойдору устувор  бимонад.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg