
КӮЛОБ. Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабании фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар кори чорабинӣ директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Ҳайдарова Назира ва ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи номбурда иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, директори ин боргоҳи маърифат ба сухан баромада, иштирокдоронро ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуд. Сипас, хонандагон бо қироати порчаҳои шеърӣ ва барномаи фарҳангӣ таъби ҳозиринро шод карданд.