БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

КӮЛОБ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар толори машваратии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Насим Саидов ва ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар таҳти унвони “Президенти мо-ифтихори мо” баргузор карда шуд.

Фирӯзи Саидмуъмин  машваратро оғоз бахшида, қайд намуд, ки боиси хушбахтии  мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки ҳамасола дар мамлакат санаи 16-ноябр дар фазои ободу осудаи Ватан расман Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад. Набояд фаромӯш сохт, ки  суботу оромие, ки имрӯз дар Тоҷикистони азиз побарҷост бо ҷонбозиҳои зиёд ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Сипас, мизи мудаввар бо суолу ҷавоби иштирокдорон ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg