БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ БОТАНТАНА ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

КӮЛОБ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мақсади дар сатҳи баланд  доир гардидани «Рӯзи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон», Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  барои тарғиби васеи ҳадафҳои  стратегии  Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷи дониш” дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб  дар толори машваратии китобхона ҳамоиш дар мавзӯи «Пешвои пешбар ва некахтар» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Обидзода Саймуҳаммад Рустам директори Китобхонаи вилоятӣ  бо сухани ифтитоҳӣ  чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки воқеан ҳам халқи мо дар шахси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Пешвои ҳақиқиро пайдо намуд, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ халқу Ватанро аз вартаи фалокат раҳо созад ва дар пешрафти кишварамон раҳнамо бошад.         

Ҳамзамон дар  чорабинӣ Мирзоев Умедҷон ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори муҳорибаҳои ҷангӣ, нафақахӯри  ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар мавзӯи  «Заминаи таърихии барпо гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ» баромад намуда, ҳозиринро аз даргузашти ин  санаи муҳим равшанӣ андохт, ки аз тарафи иштирокчиён бо як ҳисси баланди миллатдӯстиву ватанпарастӣ  қабул гардид.

Инчунин, дар кори конфронс муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин, сармутахассиси бахши Раёсати фарҳанги шаҳри Кӯлоб Бозорзода Саратхон   баромад намуда, қайд карданд, ки  ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки дар замирашон ҷасорат, муҳаббат ба халқу Ватан буд. 

Дар рафти чорабинӣ аъзои маҳфили “Ганҷи дониш”-и назди Китобхона ва курсантҳои  Коллеҷи милитсия  бо қироати шеър ва суруд  хотири ҳозиринро шод гардонида, ваъда доданд, ки доимо барои пойдории сулҳу субот ва Ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю  кӯшиши худро равона месозем ва  мо  хушбахттарин насли миллат ҳастем, ки чунин Пешвои муаззамро мебинем, дар ҷону қалбамон эҳсос мекунем ва ифтихори бузург дорем, ки ҷузъе аз таърихи миллат мешавем.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, баъди анҷоми қисмати расмии он иштирокчиёни фаъол ва меҳмонон бо  туҳфаҳои хотиравии  таъсиснамудаи  маъмурияти Китобхона сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg