БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИИ КИШВАРАМОН САҲМИ МУНОСИБИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо ташаббуси сокинон ва раиси Ҷамоати деҳоти мазкур корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

Неъматзода Ибодулло раиси Ҷамоати деҳоти болозикр иброз намуд, ки воқеан, дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд, мо низ тасмим гирифтем заминҳои бекорхобидаи Ҷамоатро нарм намуда, ба як боғи сарсабзу хуррам табдил диҳем.

Ҳамзамон, занону ҷавонон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар заминҳо дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида қарор доданд, ки дар чунин корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg