БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамасола рӯзи 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Бинобар ин сокинони ноҳияи Восеъ ин рӯзро бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд.

Дар кушодашавии чорабинии фарҳангӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ки дар он  раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло иштирок намуда, дар мавриди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, вазъи фоҷиабору сангини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд гардидани мақому манзалати забону фарҳангу арзишҳои миллӣ, арҷу эҳтиром ба дин ва расму оинҳои нек ҳарф зада, таъкид намуд ки давлат аз ҳеҷ чиз, яъне дар ҷои холӣ бунёд гардид. Дар он шабу рӯзҳое, ки ба истиқлолият хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, абармарде чун Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва бо ҷасорату хиради нотакрораш  бунёди ин давлатро аз сифр оғоз намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, сарояндагону навозандагони ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”, донишҷӯён ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, бо суруду оҳангҳо ва шеърҳо дар васфи Пешвои миллат, Ватану ватандорӣ қироат намуда, таъби ҳозиринро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg