БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ якҷоя бо аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди бинои Кумитаи иҷроия  то ба назди бинои Шуъбаи маорифи ноҳия роҳпаймоӣ баргузор намуданд.             

Дар чорабинии мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Восеъ фаъолона ширкат варзида, бо аксҳову шиорҳо, аз қабили “Пешвои мо-ифтихори мо”, “Мо ҷавонон бо Пешвои миллатем” ва сурудҳо дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат намуда, бо як ҳисси баланд ва ҳамчун пайравони асилу содиқи Пешвои миллат роҳпаймоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg