БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - АМАЛИСОЗАНДАИ ХИЗМАТҲОИ ОЯНДАБИНОНА БАҲРИ РУШДУ НУМУЪ ВА ОБОДИИ ВАТАН

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни хониши сиёсӣ масъулини ҳизбӣ сараввал атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, баъдан иштирокдоронро бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, аз заҳматҳо ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат баҳри сулҳу зиндагии шоистаи халқи тоҷик ибрози ақида карданд.

Иштирокдорони хониши сиёсӣ сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи хизматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар эътироф намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg