БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

16-уми ноябри соли равон дар коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар чорабинии маърифатӣ-фароғатӣ бо иштироки аъзои ҳизб, волонтёрони ҳизб, аъзои ТҶ “Созандагони Ватан” ва дигар фаъолони ҳизб зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон – Президенти мардумӣ” доир гардид.
Меҳмононро дар даромадгоҳи бино бо қироати шеър ва суханҳои баландмазмун, ки ифодагари талошу заҳматҳои Пешвои миллат буданд, истиқбол гирифтанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид ва Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки имсол барои мардуми сарбаланди тоҷик соли басо муҳимму таърихӣ арзёбӣ мегардад, зеро дар фазои мусоиди Истиқлолият чандин маъракаҳои муҳимми сиёсӣ бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст гардиданд. Албатта ҳамагон аз ташаббускориву сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ ҳастанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ин дастгирӣ намудани насли ҷавон мебошад. Сарвари давлат барои насли имрӯзу фардои мамлакат тамоми шароит ва имкониятҳои хуби донишандӯзиро фароҳам овардааст. Аз ин рӯ мо ҷавонон бо дарки баланди ватандӯстӣ бояд дар рушди босуботи ин меҳан саҳми арзандаи хешро гузорем.
Сипас Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маърӯзаи пурмуҳтавое намуда, аз заҳмату талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Мавсуф таъкид кард, ки Пешвои миллат соли 1992 миллатро аз вартаи нестӣ раҳониду муттаҳид намуд ва Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона тадбил дод, ки имрӯз мо мардуми ин кишвар сарбаландона зери фазои мусоиди Истиқлолият хушу хурсандона зиндагӣ дорем. Имрӯз мо аз Пешвои миллат ифтихор дорем ва ҳар як шахсро месазад, ки ба қадри заҳматҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расад ва баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошад.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилоят Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg