БАЛҶУВОН. Бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар толори Беморхонаи №1-и деҳаи Охбудоқи ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан Мирзоев Исуф мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони кишварро, ки санаи 12 майи соли равон доир гардид, шарҳу тавзеҳ дод.
Инчунин, дар ин раванд, оид ба Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез», эълон гаштани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.
Дигар баромадкунандагон низ дар назди ҷамъомадагон фикру мулоҳизарониҳо намуда, аз онҳо баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар мулоқот бо фаъолони кишвар бароянда маслиҳатҳои судманд доданд.