БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН!

Дар ноҳияи Данғара ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Президенти ман – ифтихори ман!" доир гардид.

Нахуст ҳайати меҳмононро фаъолон ва аҳли зиёи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара пешвоз гирифта, барои ташрифашон ба диёри зебоманзари Данғара изҳори сипос намуданд.

Дар ин ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, узви Кумитаи марказии ҳизб, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, собиқадорони ҳизб ва аҳли зиё иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур бо боздиди меҳмонон аз синфхонаҳои лингафонӣ, толорҳои варзишӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронии Қасри фарҳанг, маҷмааи меъморӣ ва фарҳангии Хуррамшаҳр, мавзеъҳои таърихии деҳаи Пушинг, инчунин аз мактаб ва осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид ва ташрифовардагон аз осори пурғановати осорхонаи мазкур маълумоти арзанда ҳосил намуданд.

Баъдан бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳамоиш хизматҳои шоёни Президенти мамлакат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Дар кори ҳамоиш ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб суханронӣ намуда, аз хизматҳои шоёни ба халқу миллат анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки талошҳои шабонарӯзии ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи замин машҳури дунё гардида, давлати ҷавони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба оби ошомиданӣ шинохта шудааст.

Сипас барномаи консертии бо суруду таронаҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунари кишвар таҳиягардида пешкаши иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.

Раҷабалӣ Худоёрзода, Манучеҳр Ҳасанов, «Ҳамрози халқ»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg