
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз , Иброҳимзода Неъматулло ва Абдусаломзода Мунаввар дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва кормандони Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои Шаҳритуз, Носири Хусрав ва Қубодиён семинар-машварати ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, барои такмили дониши кормандони ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.