БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ ДАРГОҲИ МУҚАДДАС ВА ОМӮЗГОР ШАХСИ МУЪТАБАР АСТ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатои миллӣ. Дар   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №29 -и деҳаи Ватани  Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳиявӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар рафти сухбат  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла  пешгирии бемории  сироятии коронавирус, хурофоту бегонапарастӣ,   пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон  ба гурӯҳҳои ифротӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан рафта,  намояндагони ҳизбӣ аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки  бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар соҳаи илму маориф шароитҳои хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳар як омӯзгори асилро  зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардашуда барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши толибилмон  талош варзад ва дар оянда  шахсони  бомаърифату ватандӯстро ба воя  расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg