БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮИ ФАРДОИ БОСАОДАТ!

ҶАЙҲУН. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомадҳои бошукӯҳ зиёда аз  ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия, идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон масофаи 1,5 километр роҳро тай намуданд.

Дар ин ҳамоиши идона масъулин Кумитаи иҷроия, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини ҳукумати ноҳия оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд. Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Бо Пешвои миллат ба сӯи фардои босаодат!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳия табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg