БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ!

АНДЕША. Дар таърихи давлатдориҳои олам шахсиятҳои бузурги сиёсатмадор ва сарварони хирадманди маълуму машҳуранд, ки бо истеъдоди идоракунии мамлакати худ ва бунёд намудани як ҷомеаи ободу амн ва пешрафта, ки ҳадафи ниҳоии он зиндагии шоиставу накӯ ва шукуфоии Ватан ба шумор меравад, нақши муассиру мондагор гузоштаанд.

Ин гуна давлатдорон, ки ҳомии озодиву рӯзгори хушу хуррами мардуми хеш буданду имрӯз низ ҳастанд бо мақсади рушду тараққӣ ва пойдории мамлакати худ хизматҳои арзанда, талошҳои хастанопазир ва ҷонбозиҳо намуданд, ки таърихи башарият ва ҳар як миллат имрӯз онҳоро ба некӣ ёд мекунад.

Охирҳои асри ХХ ва аввалҳои асри ХХI дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дигаргуниҳои комилан наву бузурге ба вуқуъ пайвастанд, ки самту гардиши чархи замони муосирро куллану ҷиддан дигаргун намуданд.

Дар ин росто падидаи муаззамтарин ва гаронарзиштарини таърихӣ дар радифи дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик бо гузашти чандин асрҳо боз аз сари нав истиқлолияти давлатӣ насиб гардид. Аммо мутаассифона ғайричашмдошт ва интизориҳое, ки халқи тоҷик аз ин воқеаи бузурги замон дошт, бо дассисаву иғвои нерӯҳои ҷудоихоҳи берунию дохилии кишвари азизамон  Тоҷикистон, ки нав қадамҳои аввалини худро ба масири соҳибистиқлолӣ гузошта буд, ба гирдоби ҷанги бародаркӯш гирифтор шуд, ки паёмаду фалокат ва даҳшату фоҷиаҳои баамаломадаи он солҳо ногуфтаю тасвирнокарда буданд.

Хушбахтона, ба бахти ин миллат маҳз дар чунин рӯзҳои сахту сангин ва хатарбор фарзанди фарзонаи миллат, абармарди арсаи сиёсат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарии давлату миллат ва ба ҷанги бардаркуш гирифторшударо бар уҳда гирифт.

Дар воқеъ, таърихи навини давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан имконнопазир аст.

Зеро дар он рӯзҳои даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, танҳо нафаре метавонист дар барқарор намудани сулҳу субот дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳуввияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Мусаллам аст, ки дар он айёми печидаву мураккаб сарварии давлатро бар уҳда гирифтан кори саҳлу осон набуд, вале муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамаи ин муборизаву муқовиматҳо ва хатару сахтиҳо нигоҳ накарда, ҷиҳати пойдории бақои кишвар на ҳамчун як сиёсатмадор, балки ба ҳайси фарзанди фарзона, парвардаи обу хоки ин диёр, ба сифати инсони хоксору муқаррарӣ, ки тиннату ботини софу пок дошт, бо андешаи наҷоти кишвар ва фароҳам овардани шароити боамну салоҳ барои зиндагии осудаҳолонаи мардум, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкамии ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии мамлакат фидокорона заҳмат кашиданд.

Ин аст, ки имрӯз обрӯю эътибори баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътироф гардидааст, балки дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ӯро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору тавоно, бунёдгузор ва кафили сулҳу ваҳдат дар минтақа шинохтаву хизматҳои арзандаи ӯро арҷгузорӣ намудаанд.

Маълум  аст, ки ҳама миллат аз халқият ва аҳолии дорои одоб ва суннатҳои гуногун таркиб ёфтаанд ва ҳастиву бақои давлатро танҳо ваҳдати ин мардум метавонад таъмин намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оғози фаъолияти худ дар мақоми роҳбари Тоҷикистони дар гирдоби ҷанги таҳмилӣ ғарқшуда, бо умеду боварӣ ба нерӯи созандаи мардум ва хиради азалии миллии тоҷикон ба халқи азизи хеш аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ намуда, хушбахтона ин неъмати бебаҳоро бо заҳмату талошҳои зиёд насиби мардуми худ намуд.Мардуми тоҷик бо такя ба хирад ва андешаи ояндасози сарвари худ   дар атрофи ӯ муттаҳид гардида, ин роҳи равшани пешгирифтаи раҳнамои худро бо сарбаландӣ тай карданд. Анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, тантанаи сулҳу ваҳдат ва ташкили давлати воқеии Тоҷикистон дар марҳалаи нави таърихӣ, ки аз ҷониби беш аз 150 кишвари олам эътироф гардид, маҳсули хизматҳои шоиставу арзандаи Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон,   Пешвои    миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба ин хотир ҳадаф аз гиромидошти «Рӯзи Президент» эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоистаи абармарди арсаи сиёсат,  меъмори сулҳу ваҳдат ва сиёсатмадори арсаи таърих  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар баробари ин таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии миллати тоҷики Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад. 

Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро имрӯз ҷаҳониён шинохта, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гардида,  овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Ҷойи ифтихор аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид бо қаноатмандӣ пазируфта шудаанд.

Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.       

Пас ҳар яки мову шуморо лозим аст, ки дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Зеро Пешвои миллат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ, як нақш ва дар ниҳоят як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамватанони гиромиро ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба Президенти   Ҷумҳурии   Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломативу сарбаландӣ, барору комёбӣ ва ба ҳамдиёрони азизам рӯзгори пурсаодат ва тинҷиву амониро таманно дорам.

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg