БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРЕЗИДЕНТИ ХАЛҚПАРВАР

АНДЕША. Оромиву осудагии Тоҷикистон аст, ки барои ҳама имконият фароҳам оварда шудааст, то кору фаъолият кунанд, соҳиби илму дониш гарданд, оила бунёд созанд ва дар кадом ҷодае набошад, барои ободиву пешрафти мамлакат саҳми худро гузошта бошанд.

Вале набояд фаромӯш кард, ки суботу оромӣ дар Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ бо ҷонбозиҳои зиёд ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.

Маҳз меҳри беандоза ба Ватан ва халқу миллат доштанашон буд, ки аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон парешонии ҷомеаи Тоҷикистон ва дилҳои пур аз кинаву хусумати одамони минтақаи гуногуни онро равшантару даққиқтар эҳсос намуда, суханони наҷотбахши дар он лаҳзаҳо гуфтаашон (Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ), миллати ба гирдоби фоҷиа гирифторро водор сохт, ки ба ваҳдату ягонагӣ рӯй оваранд ва аз хунрезии якдигар даст кашанд.

Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои зиёд дар ин сарзамин озодию оромӣ барқарор шуд, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба даст омад, миллати тоҷик аз парокандагӣ раҳоӣ ёфт ва ҳама соҳаҳои ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Инак, мо дар арафаи ҷашнвораи бузурги таърихӣ, яъне 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин давра барои расидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар заминаи таъмини пешрафти босураъати иқтисодӣ ба дастовардҳои намоён ноил гардидем. Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самтҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии кишвар, истифодабарии самарабахши неруи барқ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат корҳои назаррас идома ёфта истодаанд. Нуқтаи дигарро гуфтан лозим аст, ки бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҳамкории Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият ёфтанд. Ва таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи кишвари моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи башар эътироф гардида, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳаллӣ масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла, вобаста ба масъалаҳои дастрасии аҳолии сайёра ба об, ҳифзи табиат ва коркарди манбаъҳои аз лиҳози экологӣ тоза боз ҳам баланд намуд.

Умуман, дар ҳама самту соҳаҳо Тоҷикистон монеа ва душвориҳои мавҷударо зина ба зина паси сар карда, дар ибтидои асри нав собитқадамона пеш рафта истодааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвару сулхоҳ мешиносанду эътироф мекунанд. Ва ин аз сиёсати дуруст ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар фарҷом гуфтаниам, ки дар атрофи Пешвои миллат, воқеан, Президенти мардумӣ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, бо нишон додани ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи хеш ояндаи дурахшони худро бисозем ва ин бояд бевосита мақсаду мароми ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёбад.

Рӯзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Қурбонзода Наргис,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg