БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсаду мароми мо ҳизбиён ободии Ватан осудагии рӯзгори мардум аст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ва хадамоти муҳоҷират” маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  муқовимат бо коррупсия, тарбияи дурусти фарзандон, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, рушди хунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ҷалби шахсони ҳунарманд, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бора масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар фарде мавқеи сиёсиашро муайян кардаву ба сафи ҳизб мепайвандад, дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ, амалӣ намудани ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, ҳисса гузорад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg