БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДУ ЗЕБО ГАШТАНИ ВАТАНИ АҶДОДИИ ХУД БОЯД СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ!

АНДЕША. Имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри дар шароити мусоид таҳсил намудани ҷавонону наврасон, дар кишварамон чандин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна ба истифода дода шуда истодааст. Ба ин ғамхориҳои беназири Пешвои миллат мо ҷавонон бояд барои ободу зебо гаштани Ватани аҷдодии худ содиқона хизмат кунем. Нагузорем, ки душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар қарор гирифта, мо ҷавононро бо ҳар роҳ ба доми худ кашанд. Яке аз хатари калонтарине, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин хатари терроризму экстремизм мебошад, ки Тоҷикистонро низ бе таъсир намегузорад.

Бештари ҷавонону наврасон ба сомонаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд ва имрӯзҳо ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҷавонону наврасонро ба гурӯҳҳои худ даъват менамоянд. Ман аз ҷавонони баору номуси тоҷик даъват ба амал меоварам, ки ҳангоми ворид шудан ба интернет бо чунин ашхос ҳаргиз суҳбат ё ин, ки дӯстӣ накунанд.

Шукронаи аз ҳаёти осуда дар кишвар кунем ва баҳри ободӣ ва пешравии давлатамон саҳмгузор бошем.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg