
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чунин унвон дошт, чорабиние, ки бо ибтикори намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар чорабинӣ дар бораи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демократӣ, пешрафту ободии Ватан ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.
Ҳамзамон, масъулини ҳизб оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки паст будани маърифати сиёсӣ ва сатҳи огоҳӣ аз раванди бадалшавии идеологияҳо боис мешавад, ки ҷавонон фирефтаи ақидаҳои ғаразноки ифротиён шуда, гумроҳ гарданд.